Бабанов ҳабси амволи телевизионашро ғасби рейдерӣ номид

Омурбек Бабанов

Раиси пешини ҳизби "Республика" ва вакили порлумони Қирғизистон Омурбек Бабанов қарори додгоҳи шаҳри Бишкек дар бораи ҳабси амволи телевизиони НТС-ро ғасби рейдерӣ унвон кард.

"Як ҳодисаи тасаввурнопазир! Телевизиони НТС-ро ба тариқи рейдерӣ ва истифодаи додгоҳ мехоҳанд ғасб кунанд. Наход мо то ба ин сатҳ расида бошем, ки дар Қирғизистон аз манофеи Максим Боқиев ҳимоят кунем? Магар санадҳои ҳуқуқӣ порчаи коғазу адолат ҳеч шудаанд", - навиштааст Бабанов дар Фейсбук.

Шаби 19 декабр кормандони додгоҳ ҳамроҳи ходимони пулис ба бинои шабакаи телевизионии НТС, ки ба Бабанов таалуқ дорад, ворид шуданд ва аз вуруди кормандони телевизион ба бино ҷилавгирӣ карданд. Онҳо қарори додгоҳро қироат карданд ва гуфтанд, ки ширкати Grexton Capital LTD аз телевизион шикоят кардааст.

Худи Бабанов баъд аз интихоботи президентӣ дар ҳоле Қирғизистонро тарк кард, ки додситони куллл алайҳи ӯ бо иттиҳоми барангехтани адовати қавмӣ парванда боз кард. Сиёсатмадори мухолифи қирғиз рӯзи 13 ноябр аз раҳбарии ҳизби "Республика-Ота-Журт" истеъфо дод.

Масъулони додгоҳ низ дар навбати худ қарори марбут ба НТС-ро шарҳ доданд. Сухангӯи Департаменти додгоҳӣ Назира Сагиналиева гуфт, "дар инҷо ҳеч гуна ғасбкорие нест. Амволи НТС барои он ҳабс мешавад, ки ба хотири ҳифз шуданаш дар ихтиёри шахсони боварбахш қарор гирад".

Ҷузъиёти шикояти Grexton Capital LTD аз НТС феълан маълум нест.