Моликияти шабакаи телевизионии Бабанов таҳти зарарбин қарор гирифт

Бишкек - дафтари шабакаи телевизионии NTS

Афсарони додгоҳ, ё иҷрокунандагони ҳукми суд дар Қирғизистон ба бинои шабакаи телевизионии NTS, ки молики он чеҳраи мухолифи ҳукумат Омурбек Бабанов аст, ворид шуданд ва аз вуруди кормандони шабака ба бино ҷилавгирӣ карданд.

Хабарнигори NTS Асиан Женкшенов гуфт, ки кормандони додгоҳ ва афсарони пулис баъд аз зуҳри 19 декабр, тавре худи онҳо гуфтанд, бо амри додгоҳ барои сабти амволи шабакаи телевизионӣ ҳозир шуданд.

Пулис атрофи биноро, ки дар Бишкек ҷойгир аст, муҳосира кард ва нагузошт одамон ба бино ворид шаванд.

Дар ҷараёни ин ҳодиса шабакаи телевизионии NTS пахши барномаҳояшро идома дод ва мақомот гуфтанд, ки онҳо барои сабти амвол омаданд ва ҳадаф надоранд, ки барнома халалдор шавад.

Додситонии кулл, Вазорати дохилӣ ва Хадамоти амнияти Қирғизистон ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ гуфтанд, ки аз қарори сабти амволи NTS хабар надоранд.

Шабакаи телевизионии NTS моли Омурбек Бабанов, соҳибкори муваффақи қирғиз аст, ки дар интихоботи раёсати ҷумҳур, моҳи октябр дар ҷойи дуюм буд, аммо баъди боз шудани парванда алайҳи ӯ, бо гумони барангехтани адовати қавмӣ дар ҷараёни маъракаи интихоботӣ, аз кишвар фирор кард.

Радиои Sanjyra, ки як бахши NTS буд, моҳи ноябр аз муҷаввиз маҳрум шуд ва аз фаъолият бозмонд. Макони будубоши худи Бабанов маълум нест.