Русия ба ҳадафи тақвияти марзҳои шимолии худ дар баробари таҳдидҳои террористӣ, рӯзи 19-уми декабр тайи як маросим ба нерӯҳои қудратии Тоҷикистон таҷҳизоти низомии нав, аз ҷумла таҷҳизоти мухобиротӣ, зииддиҳавоӣ ва мошинҳои зиреҳпӯш ва чархболҳо додааст.
Ба гузориши расонаҳои Русия, таслими ин таҷҳизот дар чаҳорчӯби ҳамкориҳои низомӣ ва фаннии Тоҷикистон ва Русия сурат мегирад ва ҷониби Маскав дар ихтиёри Душанбе аслиҳаи мухталиф қарор медиҳад. Тибқи гузориши вазорати дифои Русия, таслими таҷҳизоти низомии нав ба Тоҷикистон сабаби афзоиши тавонмандиҳои низомии нерӯҳои низомии Тоҷикистон дар баробари таҳдидҳои террористӣ ва ҳамчунин тақвияти муҳофизат аз марзҳои Тоҷикистон бо Афғонистон мешавад.
Раиси ҷумҳури Русия Владимир Путин чанд рӯз пеш зимнияти нишасти хабарӣ ба афзоиши таҳдидҳои аз сӯи террористони байналмилалӣ аз Афғонистон ишора карда ва гуфт, ки "тақвияти гурӯҳҳои террористӣ дар қисматҳои мухталифи марзҳои шимолии Афғонистон бо кишварҳои Осиёи Миёна аз ҷумла Тоҷикистон, Узбакистон ва Туркманистонро мушоҳида мекунем." Раиси ҷумҳури Русия ҳамчунин аз афзоиши шумораи афроди гурӯҳҳои тундрав дар Афғонистон нигаронӣ карда буд.
Тоҷикистон бо Афғонистон ҳудуди 1400 километр марзи муштарак дорад ва мақомоти тоҷик борҳо нигаронии худро аз таҳдидҳои амниятӣ аз он сӯи марз баён кардаанд.