Узбакистон тмехоҳад, ки барои хариду фурӯши электронии нахи пахта пойгоҳи вижа таъсис диҳад.
Президенти Узбакистон Шавкат Мирзиёев ба Агентии миллии идораи лоиҳаҳо, Вазорати иқтисод ва "Ӯзбекпахтасаноат" дастур додааст, ки дар якҷоягӣ то 1 феврали соли 2018 пешниҳоди худро барои ташкили чунин пойгоҳ ироа кунанд.
Ба иттилои расонаҳои маҳаллӣ, яке аз ҳадафҳои асосии ин иқдом, на танҳо фурӯши пахтаи худӣ, балки ҷалби фурӯшандаҳои "тилои сафед"-и кишварҳои дигар, аз ҷумла ҳамсояҳо будааст.
Имрӯз арзиши нахи пахтаро бар асоси пешниҳодҳое муайянд мекунанд, ки дар як чанд биржаи бузурги ҷаҳонӣ ироа мешаванд. Узбакистон ҳам ҳангоми фурӯши пахтаи худ ба нархгузории ширкати Cotlook Limited (Биржаи пахтаи Ливерпул) такя мекунад.
Дар ҳоли ҳозир, қарордоди хариду фурӯши бахши асосии пахтаи Узбакистон дар Намоишгоҳи байналмилалии пахта ба имзо мерасад, ки ҳамасола моҳи октябр дар шаҳри Тошканд баргузор мешавад.
Ёдрас мешавем, пештар хабар доданд, ки бахши соҳибкории нассоҷии Узбакистон минбаъд пахтаро бевосита худ аз кишоварзон хоҳад харид.
Дар Узбакистон имсол беш аз 2,9 миллион тонна пахта ҷамъоварӣ шудааст.