Бархе аз чеҳраҳои наздик ба Атомуҳаммади Нур (Устод Ато), волии Балхи Афғонистон гуфтанд, ки фишорҳо ба хотири истеъфои ӯ аз сӯи ҳукумат бештар шудааст.
Ин манбаъ, ки нахост аз ӯ ном бурда шавад, рӯзи 16-уми декабр ба бахши дарии Радиои Озодӣ гуфт, ба ҳамин далел волии Балх бо раҳбарони Ҳизби ҷамъияти исломӣ гуфтугӯҳоро оғоз кардааст.
Бино ба иттилои манбаъ, рӯзи ҷумъа Салоҳиддин Раббонӣ, вазири умури хориҷӣ ва раҳбари Ҳизби ҷамъияти исломии Афғонистон ва баъзе дигар аз бузургони ин ҳизб аз минтақаҳои гуногун бо Атомуҳаммади Нур рӯйи ин мавзуъ суҳбат кардаанд. Ҳизби ҷамъиисти исломӣ ин гуфтугӯҳоро таъйид мекунад.
Воқиф Ҳакимӣ, сухангӯи Ҳизби ҷамъияти исломӣ, рӯзи 16-уми декабр ба бахши дарии Радиои Озодӣ гуфт, бар асоси тавофуқи ҳукумати ваҳдати миллӣ ҳеч фарде наметавонад оқои Нурро аз мақомаш барканор намояд, “аммо истеъфо як ҳаққи қонунӣ аст”.
Волии Балх дар ҷашни Наврӯзи гузашта гуфта буд, ки дар мавриди истеъфояш фикр мекунад. Равобити миёни раёсати ҷумҳури Афғонистон ва Атомуҳаммади Нур пас он тира шуд, ки соли гузашта “музокирот”-и онҳо бенатиҷа поён ёфт.