Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, гуфт, аз ҳамкории Русия барои таҳти фишор қарор додани Куриёи Шимолӣ ба хотири барномаи силоҳи ҳастаиаш розӣ нест.
Доналд Трамп рӯзи 15-уми декабр, берун аз Кохи Сафед, ба хабарнигорон гуфт, “Чин кумак мекунад, Русия не”. Ӯ афзуд, “ман алоқа дорам, ки Русия ҳам кумак кунад. Зеро ёрии Маскав хеле муҳим аст”.
Раиси ҷумҳури Амрико Доналд Трамп ин суханонро чанд соат пас аз суҳбати телефонӣ бо ҳамтои русаш Владимир Путин баён кард.
Кремлин мегӯяд, ин тамоси телефониро раиси ҷумҳури Амрико дархост карда буд.