Таҷлил аз 81-солагии Оғохони 4 дар Тоҷикистон

Оғохони чаҳор

81-солагии Оғохони чаҳор, пешвои исмоилиёни ҷаҳон, дар Тоҷикистон низ таҷлил хоҳад шуд. Масъулони Маркази исмоилиёни Тоҷикистон 13-уми декабр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ба ин хотир рӯзи чаҳоршанбе барномаи фарҳангие дар назар гирифта шудааст.

Моҳи июли имсол 60-умин солгарди ба тахт нишастан ё имоматии Оғохони чаҳорро дар Душанбе ҷашн гирифта буданд. Шоҳзода Карим Оғохони чаҳор дар миёни исмоилиҳои Тоҷикистон нуфузи беандоза дорад ва мардум барои кумакҳои билоивазаш дар мушкилтарин солҳои ҷанг аз ӯ сипосгузор ҳастанд.

Шоҳзода Оғохон тарҳҳои зиёдеро тавассути бунёди ҳамноми худ дар Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ пиёда мекунад, ки аксаран тарҳҳои башардӯстона ҳастанд.

Шоҳзода Карим Оғохон 13-уми декабри соли 1936 дар Шветсария ба дунё омадааст. Имоми ҷомеаи исмоилиҳо дар 25 кишвари ҷаҳон буда, 15 миллион пайрав дорад, ки бахши умдаи онҳо дар Африқову Осиё ва Афғонистону Покистону Эрон зиндагӣ мекунанд. Бузургтарин ҷамъияти исмоилиҳо дар вилояти Бадахшони Тоҷикистон аст, ки шуморашон беш аз 200 ҳазор нафар гуфта мешавад.

Шоҳзода Карим Оғохон 11 июли соли 1957, баъди вафоти бобояш Султон Муҳаммадшоҳ Оғохони 3 имоми исмоилиҳо эълон шуд.