ИА барои эътирофи Байтулмуқаддас чун пойтахти Исроил шитоб накард

Нахуствазири Исроил дар ҷаласаи вазирони умури хориҷии Иттиҳоди Аврупо

Бенямин Нетаняҳу - нахуствазири Исроил - интизор дорад, ки кишварҳои Иттиҳоди Аврупо, бо пайравӣ аз Иёлоти Муттаҳида, Байтулмуқаддасро ба ҳайси пойтахти Исроил эътироф мекунанд. Бо ин интизорот Нетаняҳу рӯзи 11-уми декабр ба ҷаласаи вазирони умури хориҷии Аврупо дар Брюссел ҳозир шуд.

Аммо наздиктарин шарикони аврупоии Исроил, кишварҳое ба мисли Ҷумҳурии Чех, ҳушдор доданд, ки қарори Доналд Трамп "барои талоши сулҳофарӣ бад аст". Дар ҳоле ки Фаронса гуфт, мақоми Байтулмуқаддас танҳо бояд дар созиши байни исроилиҳо ва фаластиниҳо мушаххас шавад.

Вазири умури хориҷии Ҷумҳурии Чех Любомир Заоралек ба пурсиши хабарнигорон дар бораи назари ӯ ба қарори Трамп, оид ба интиқоли сафорати Амрико аз Телавив ба Байтулмуқаддас гуфт, "гумон аст, ин ба мо кумак кунад".

Бенямин Нетаняҳу, ки аз наздик шудани равобити Иттиҳоди Аврупо бо Эрон нороҳат аст, гуфт, аз қарори Трамп, ки фаластиниҳо ва Аврупо онро маҳкум карданд, бояд пуштибонӣ шавад. Ин дар ҳолест, ки фаластиниҳо мехоҳанд, Байтулмуқаддас пойтахти давлати ояндаи онҳо шавад.

Президенти Амрико Доналд Трамп ҳафтае пеш Байтулмуқаддасро пойтахти Исроил эътироф кард. Ин қарор танқиди шарикони Амрико дар Аврупо ва дар Ховари Миёнаро ба бор овард.