Аскар Турсунов - вакили дифои Хайрулло Мирсаидов - раҳбари боздоштшудаи дастаи мунтахаби КВН-и Тоҷикистон рӯзи 11-уми декабр бо нафари таҳти ҳимояти худ мулоқот хоҳад кард. Турсунов дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки баъди дидор бо зерҳимояаш дар бораи парвандаи ӯ суҳбат мекунад.
Зимнан, ба гуфтаи наздикони Мирсаидов, ӯ аз замони боздошт то ба ҳол дар боздоштгоҳи муваққатии Оҷонси зидди маводи мухаддир дар вилояти Суғд нигаҳдорӣ мешавад. Чаро ӯро дар боздоштгоҳи ин Оҷонс ҷо кардаанд, маълум нест.
Вале, ба гуфтаи мақомоти наздик ба тафтиши парвандаи Хайрулло Мирсаидов, шароити боздоштгоҳи Оҷонси мазкур дар муқоиса ба СИЗО-и рақами дуи шаҳри Хуҷанд беҳтар будааст.
Дар парвандаи Мирсаидов, он чӣ бештар мояи суҳбатҳо қарор гирифтааст, эълони иттиҳоми алайҳи ӯ бо банди “барангехтани кинаву адовати милливу нажодӣ ва динӣ" аст. Ин парванда мӯҳлати тӯлонии зиндонро пешбинӣ мекунад ва аз ҳоло гуфта мешавад, ки ба Мирсаидов то 10 соли зиндон таҳдид мекунад.
Дар ҳоле вакили дифоъ ҳанӯз аз суҳбат худдорӣ меварзад, Ҳабибулло Мирсаидов, падари Хайрулло Мирсаидов субҳи 11-уми декабр гуфт, иттиҳом аз як саҳнае, ки дастаи ҳозирҷавобони Тоҷикистон пешкаши бинандагон гардонидааст, сарчашма мегирад. “Ман парвандаро каме хондам. Дар онҷо навишта шудааст, ки гӯё дастаи КВН зимни ҳунарнамоӣ шаъну шарафи миллати тоҷикро паст задааст. Вале инро бештар вакили дифоъ медонад ва фикрашро хоҳад гуфт.”
Хайрулло Мирсаидов рӯзи 5-уми декабр дастгир шуд. Ӯ 39 сол дошта, муҷаррад аст. Дар оғози солҳои 2000-ум ба ҳайси хабарнигори радиои “Мавҷи Олмон” (Дойче Велле) ба фаъолияти рӯзноманигорӣ пардохта, сипас ба ҳайси хабарнигори Оҷонси иттилоотии “Азия-Плюс” дар шаҳри Хуҷанд фаъолият дошт.
Се сол қабл ба ҳайси раҳбари дастаи зарифони Тоҷикистон ("Сборная КВН Таджикистана") пазируфта шуд ва аз кори рӯзноманигорӣ канор рафт.