Путин ҳафтаи оянда ба Туркия ва Миср хоҳад рафт

Владимир Путин

Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, рӯзи 11-уми декабри имсол ба Туркия ва Миср сафар хоҳад кард. Мақомоти Кремлин гуфтанд, ки Путин дар Туркия масоили марбут ба равобити дуҷониба, аз ҷумла барномаҳои муштараки энержӣ, буҳрон дар Сурия ва Ховари Миёнаро мавриди баҳс қарор хоҳад дод.

Оҷонси хабарии “Рейтерс”, аз қавли як манбаи наздик ба Раҷаб Таййиб Эрдуғон, раиси ҷумҳури Туркия навишт, дар ин мулоқот таҳаввулоти баъд аз тасмими президенти Амрико Доналд Трамп дар мавриди ба расмият шинохтани Байтулмуқаддас ба унвони пойтахти Исроил низ баррасӣ мешавад.

Мақомоти Кремлин рӯзи 8-уми декабр гуфтанд, ки президент Путин бо Абдулфаттоҳ Сисӣ, раиси ҷумҳури Миср, дар бораи амнияту субот дар Ховари Миёна гуфтугӯ мекунад.

Русия, Туркия ва Миср аз тасмими раиси ҷумҳури Амрико Доналд Трамп дар мавриди ба расмият шинохтани Байтулмуқаддас ба ҳайси пойтахти Исроил интиқод кардаанд.