Аз Эрону Саудӣ хоста шуд, ки ба умури Лубнон дахолат накунанд

Парчами Арабистони Саудӣ ва Эрон

Қудратҳои ҷаҳон дар ҳоли ворид кардани фишор болои Арабистони Саудӣ ва Эрон ҳастанд, то аз мудохила дар умури сиёсии ин кишвар даст бардоранд. Онҳо хостори қатъи фаъолияти низомии Эрон дар кишварҳои ҳамсоя низ шудаанд.

Намояндагони кишварҳои узви гуруҳи байналмилалии ҳимоят аз Лубнон рӯзи 8-уми декабр бо Саъд Ҳарирӣ, нахуствазири Лубнон дар шаҳри Порис, пойтахти Фаронса, мулоқот карданд. Панҷ узви доимии Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид – Бритониё, Чин, Фаронса, Русия ва Амрико шомили ин гурӯҳ ҳастанд.

Ҳарирӣ пас аз эълони истеъфояш дар моҳи гузашта Лубнонро дучори як буҳрон кард. Ӯ ҳангоми дидор аз Арабистони Саудӣ гуфт, аз хавфи террор шудан истеъфо медиҳад ва дар ин кор Эрону Ҳизбуллоҳро айбдор донист.

Пас аз фишорҳои байналмилалӣ ва музокироти миёни ҳизбҳои сиёсии Лубнон Саъд Ҳарирӣ истеъфояшро пас гирифт.