Британия гуфт, ки вазири хориҷӣ Борис Ҷонсон рӯзи 9 декабр, бо ҳадафи мулоқот бо ҳамтои эрониаш ва лоббигарӣ барои озодии як зани эронитабори британиягӣ, ба Теҳрон меравад.
Дафтари вазир номи корманди хайрия Нозанин Зағорӣ- Ратклиффро дар изҳороташ, ки рӯзи 8 декабр нашур шуд, зикр накард. Аммо гуфт, барои озодии душаҳрвандиҳо, ки дар Эрон боздошт шудаанд, бо вазири хориҷии Эрон Муҳаммад Ҷавод Зариф дар Теҳрон мулоқот хоҳад кард.
Нозанин Зағорӣ- Ратклифф, ки бо кӯдакаш ба Эрон сафар карда буд ва бо иттиҳоми гӯё тарҳрезии "сарнагунсозии нарми ҳукумати Эрон" ба мӯҳлати панҷ сол зиндонӣ шуд, ҳоло дар ростои иттиҳоми нав- таблиғгарӣ қарор дорад, ки то 16 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.
Нозанин Ратклифф раҳбари тарҳи Thomson Reuters Foundation - як созмони хайрия аст, мустақилона аз Reuters фаъолият мекунад. Ӯ мегӯяд, ки гуноҳе содир накардааст.