Русия ба Тоҷикистон таҷҳизоти мушакӣ медиҳад

Шералӣ Мирзо ва Сергей Шойгу, вазирони дифои Тоҷикистону Русия

Русия дар чаҳорчӯби мусаллаҳсозии тадриҷии нерӯҳои ҳавоии кишварҳои муштаракулманофеъ ба Тоҷикистон таслиҳот ва системаҳои мушакӣ интиқол медиҳад. Дар ин бора идораи таҳлили Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил хабар додааст.

Хабари мазкурро мақомоти Вазорати дифои Тоҷикистон рӯзи 7-уми декабр тасдиқ карданд, вале ҷузъиёти онро нагуфтанд. Дар хабари Кумитаи иҷроия омадааст, ки қарор аст, ба Тоҷикистон аслиҳаи муосир ва муҳимоти ҷангӣ, аз ҷумла системаҳои идораи автоматӣ интиқол ёбад.

Ба нерӯҳои ҳавоии кишварҳои муштаракулманофеъ, 19 воҳиди низомӣ, 39 воҳиди зенитӣ – мушакӣ, 15 воҳиди низомии радиотехникӣ, 9 гурӯҳи нерӯҳои муҳофизати зиддиҳавоӣ шомиланд.

Ҳамчунин, пойгоҳи назорати кайҳонии “Окно” дар шаҳри Норак ба нерӯҳои ҳавоии кишварҳои муштаракулманофеъ шомил аст. Маркази “Окно”, ки қаблан “Норак” номида мешуд, соли 2004 ба ивази қарзи 242-миллиондолларии Тоҷикистон ба Русия дода шуд.

Маҷмааи оптикию электронии “Окно” як иншооти мураккаб ва камназирест, ки ҳаракати хурдтарин ҷирмҳои осмониро дар баландии аз 2000 то 50 000 километр сабт мекунад. Бино бар мавқеи нодири ҷуғрофиёяш, “Окно” ҳамзамон ҳаракати ҷирмҳои кайҳониро дар масофаи 2000 километр “зери назар” дорад. Яъне, ҳама гуна ҳаракат дар фазои кайҳонии Аврупо, Осиё, Ховари Миёна, Африқои Шимолӣ ва Марказӣ, уқёнусҳои Ҳинд, Ором ва Атлантик аз ҷониби маркази “Окно” дида ва ба таври автоматӣ сабт мешавад.

Ба иттилои масъулони вазорати дифои Русия ҳар шабонарӯз дар ин ҷо феҳрасти муфассали ҷирмҳои мавҷудаи мадори Замин таҳия мешавад ва камтарин тағйиру зуҳури ҳама гуна ҷирми нав сабт мешавад.