Баъди қарори Трамп дар Исроил нооромӣ сар зад

Каронаи ғарбии рӯди Урдун

Як рӯз баъд аз қарори президенти Амрико дар робита ба эътирофи Байтулмуқаддас ҳамчун пойтахти Исроил, рӯзи 7-уми декабр дар ин кишвар эътирозу бетартибиҳо оғоз шуд.

Пулис алайҳи эътирозгарон гази ашковар, тири резинӣ ва норинҷаки садоро ба кор бурд. Нооромиҳо дар Ҳибрун, Байтулаҳм ва шаҳрҳои дигар низ сар заданд.

Фаластиниҳо рӯзи 7-уми декабр коршинканӣ эълон карданд. Бисёр мактабу дӯконҳо баста шуд. Раҳбари гурӯҳи тундгарои Ҳамас Исмоил Ҳания фаластиниҳоро ба шӯриши саросарӣ ё интифозаи ҷадид ва рӯзи ҷумъаро - "рӯзи шӯриш алайҳи ғосибон" эълон кард.

Рӯзи 6-уми декабр президенти Амрико Доналд Трамп дастур дод, ки омодагӣ барои кӯчондани сафорати Амрико аз Телавив ба Буатулмуқаддас оғоз шавад. Қарори Трамп ба интиқоди шадиди давлатҳои ҷаҳон, бо шумули шарикони Амрико рӯ ба рӯ шуд.

Аксар давлатҳо гуфтанд, ки масъалаи Байтулмуқаддас бояд дар чаҳорчӯби музокироти байни Исроил ва Фаластиниҳо ҳал шавад.