Вазири пешини иқтисоди Русия Алексей Улюкаев рӯзи 7-уми декабр ҳангоми ироаи сухани охирин дар додгоҳ бори дигар ба бегуноҳии худ ва "тавтеаи бузурги ваҳшатнок" алайҳи ӯ таъкид кард. Мурофиаи додгоҳиро вазири пешин "сирк" номид ва гуфт, "ин зангӯла метавонад исми ҳар кадоме аз Шуморо садо кунад".
Улюкаев гуфт, боқимондаи зиндагиашро ба "дифои манофеи мардум" мебахшад. "Инсон замоне зиндагии сангини одамонро дарк мекунад, ки худаш ба бадбахтӣ гирифтор шавад", - гуфт Улюкаев.
Алексей Улюкаев моҳи ноябри соли гузашта дар дафтари ширкати "Роснефт" боздошт шуд. Бино ба фарзияи муфаттишон, ӯ аз раҳбари ширкати "Роснефт" Игор Сечин барои баҳои мусбат ба созиши харидории "Башнефт" 2 миллион доллар талаб кард.
Худи Улюкаев боздошт шуд ва иттиҳомро тавтеаи Сечин ва Хадамоти амнияти Русия донист.
Ҳукми додгоҳ аз рӯи қазияи ришваситонии вазири пешини Русия ҳафтаи оянда эълон хоҳад шуд.