Баъди нашри сабти садои раиси шаҳри Андиҷони Узбакистон аз рафти як ҷаласа, ки моҳи гузашта сурат гирифт ва дар ҷараёни он раис ҷамъомадагонро дашном медод, мақомоти шаҳр тасмим гирифтанд, корафтодагонро дигар бо телефони ҳамроҳ ба бинои мақомот роҳ надиҳанд.
Бахши Узбакии Радиои Озодӣ рӯзи 5 декабр хабар дод, ки дар даромадгоҳи шаҳрдории Андиҷон аз рӯзи 4 декабр эълоне нашр шудааст, ки мардумро огоҳ мекунад: "Ба бино бо телефони ҳамроҳ, инчунин дастгоҳҳои сабти навор ва садо даромадан қатъиян манъ аст".
"Кормандони дастгоҳи раиси шаҳр бо телефон дохили бино мешаванд. Аммо ҳақ надоранд, дар ҷаласаҳо телефонҳояшонро ҳамроҳ бигиранд", - омадааст дар эълон. Мақомоти Андиҷон мегӯянд, Дилмурод Раҳматуллоев, раис шаҳр дар ҷаласаҳо дигар дағалӣ намекунад.
Дар як ҷаласае, ки 16 октябр дар шаҳри Андиҷон сурат гирифт, раиси шаҳр мудирони муассисаҳои таълимро ба хотири кам фиристодани пахтачинон ба саҳрои пахта дашном дод. "Ҳайвонҳо", "шағолҳо", "харҳо", "лаънат бар падаратон" - гуфта буд Раҳматуллоев. Ҳамчунин вай дар ҷаласаи 18 ноябр омӯзгори 64-соларо дашном дод.