Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, хабарҳо дар бораи эҳтимоли барканорӣ ё истеъфои Рекс Тиллерсон, вазири вазири умури хориҷии ин кишварро рад кард.
Ӯ рӯзи 1-уми декабр дар саҳифааш дар Твиттер навишт, “расонаҳо мегӯянд, гӯё ман Рекс Тиллерсонро барканор кардаам ё ӯ ба зудӣ ба истеъфо меравад. Инҳо хабари дурӯғ ҳастанд. Ҳарчанд дар баъзе масоил миёни мо баъзе нофаҳмӣ ҳаст, ӯ намеравад. Мо якҷо хуб кор мекунем.”
Рекс Тиллерсон рӯзи 1-уми декабр баъд аз мулоқот бо нахуствазири Либия Файёз ал-Сарроҷ дар суҳбат бо хабарнигорон гуфт, ки “ин хандаовар аст”.
Қаблан нашрияи The New York Times аз эҳтимоли истеъфо ё барканории Рекс Тиллерсон, вазири умури хориҷии Амрико хабар дод. Нашрия гуфта буд, ки ин мақомро метавонад мудири ЦРУ Майк Помпео ишғол кунад. Дар оғози моҳи октябри имсол телевизиони NBC хабар дод, ки Тиллерсон ба далели нофаҳмӣ миёни ӯву Трамп нақшаи истеъфоро кашидааст.