Хадамоти амнияти Гурҷистон ҳалокати Аҳмад Чатаевро тасдиқ кард

Аҳмад Чатаев

Хадамоти амнияти Гурҷистон рӯзи 1 декабр тасдиқ кард, ки Аҳмад Чатаев, гумонбари ҳамлаи террористӣ дар фурӯдгоҳи Истамбул, соли 2016, ҳангоми амалиёти рӯзҳои 21-22 ноябр дар Тбилисӣ кушта шуд. Чатаев раҳбари гурӯҳе ба шумор меомад, ки барои ДИИШ одам ҷамъ мекард.

Ба маълумоти хадамоти амнияти Гурҷистон, Чатаев дар ҷараёни амалиёти низомӣ худро мунфаҷир кард. Ӯро бо озмоиши ДНК ва нақши ангуштонаш шиносоӣ карданд.

Дар бораи ҳалокати эҳтимолии Аҳмад Чатаев бори аввал сомонаи "Кавказ.Реалии" бо такя ба хешовандони ӯ гузориш дод. Ба маълумоти манобеи дигар Чатев наметавонист дар байни террористҳо дар Тбилисӣ бошад, зеро ӯ аз як даст ва як по маҳрум буд ва зуд ошкор мешуд.

Хадамоти амнияти Гурҷистон рӯзҳои 21-22 ноябр амалиёти алайҳи гумонбарони терроризмро ба роҳ монд. Амалиёт 20 соат идома кард. Дар ҷараёни ҷанг як сарбози нерӯҳои вежа кушта ва чор нафари дигар маҷруҳ шуд. Се террористи эҳтимолӣ низ ҷон бохт.

Чатаев солҳои 2000-ум узви гурӯҳи муқовимати мусаллаҳонаи Чеченистон буд. Ӯ баъдан ба Аврупо кӯч баст ва дар Австрия паноҳандаи сиёсӣ шуд. Соли 2012 Аҳмад Чатаев дар ҷараёни як амалиёти низомӣ, дар яке аз дараҳои Гурҷистон ба даст афтод, аммо "сафед шуд". Бар пояи баъзе маълумотҳо Аҳмад Чатаев соли 2015 ба Сурия рафт ва ба гурӯҳи тундрави "Давлати Исломӣ" пайваст. Ба думболи ин Русия ва Амрико ӯро ба рӯйхати террористҳои байналмилалӣ шомил карданд