Ҳасан Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳури Эрон, гуфт, ки Арабистони Саудӣ мехоҳад нокомиҳои Риёз дар дохил ва хориҷро бо сиёҳ кардани Теҳрон бипӯшонад.
Ӯ рӯзи 28-уми ноябр дар як суҳбати телевизионӣ гуфт, "Арабистони Саудӣ талош дорад, бо истифодаи душманӣ бо Эрон ду мушкили худро ҳал кунад: аввалан, нокомияш дар минтақа ва дувум, мушкилоти дохилиашро пинҳон кунад."
"Арабистони Саудӣ дар Қатар номуваффақ буд. Дар Ироқу Сурия ҳам ноком шуд. Ахиран дар Лубнон. Онҳо дар тамоми ин манотиқ ноком буданд", - гуфт Рӯҳонӣ ва афзуд, "акнун мехоҳанд нокомии худро ба ин тартиб пинҳон кунанд".
Арабистони Саудии суннимазҳаб ва шариконаш дар Халиҷи Форс ахиран Эрони шиамазҳабро ба таҳрики терроризм дар Сурия, Яман: Лубнон ва манотиқи дигар муттаҳам карданд.
Шоҳзодаи валиаҳди Саудӣ ҳафтаи гузашта дар сӯҳбат бо нашрияи The New York Times раҳбари олии Эрон Оятуллоҳ Алӣ Хоманеиро ба "Гитлери Ховари Миёна" баробар кард ва бо ин як ҷанги лафзиро ба роҳ монд.
Ду қудрати минтақавӣ бо пуштибонӣ аз тарафҳои муқобили низоъ дар Яман ва Сурия вориди як ҷанги ғайримустақим, ё ҷанг бо дасти дигарон шудаанд. Созмони Милали Муттаҳид теъдоди қурбониҳои низои ин ду кишварро садҳо ҳазор ва беҷошудаҳоро миллионҳо нафар ҳисоб кардааст.