Боздошти тақрибан бист нафар дар марказҳои компютерии Душанбе

Боздошти гурӯҳе аз ҷавонон дар марказҳои компютерӣ. Акс аз бойгонии Вазорати умури дохилии Тоҷикистон

Мақомоти Вазорати умури дохилии Тоҷикистон гуфтанд, ки дар пайи як санҷиш дар маркази бозиҳои компютерии пойтахт тақрибан бист хонандаи мактаб ва донишҷӯро боздошт кардаанд. Мақомот гуфтанд, ки ин наврасону дониҷшӯён ба ҷои иштирок дар дарс дар маркази компютерӣ машғули бозӣ буданд.

Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, рӯзи 28-уми ноябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки нисбат ба волидони хонандагон парвандаи маъмурӣ боз шудааст. Ӯ гуфт, нисбат ба хонандаҳову донишҷӯён корҳои фаҳмондадиҳӣ гузарондаанд. Волидони онҳоро ҷарима таҳдид мекунад.

Ба иттилои манбаъ, гуруҳи ноболиғону донишҷӯён дар марказҳои интернетӣ ва бозиҳои компютерии “Патриот”, “Гугл” ва “AMG”-и шаҳри Душанбе дастгир шуданд. Донишҷӯёне, ки дар вақти дарс дар марказҳои бозиҳои комютерӣ дастгир шуданд, асосан донишҷӯёни Донишгоҳи аграрӣ ё кишоварзӣ будаанд.

Талошҳо барои худдорӣ аз рафтани ҷавонон ба марказҳои дилхушӣ баъд аз як ҷанҷоли хунин пурзӯр гардид. Дар моҷарои хунини гурӯҳе аз ҷавонони маҳаллаҳои 102 ва 103-юми пойтахт, ки шаби 2 ба 3-юми январи имсол рух дод, ду нафар ба ҳалокат расид. Мақомот гуфтанд, ин ҷавонон муштариёни марказҳои интернетӣ буданд.

Қаблан нозирони Вазорати корҳои дохилӣ ба соҳибони марказҳои бозии компютерӣ, букмекерӣ ва интернет-кафеҳо ҳушдор дода буданд, ки хонандагони мактаб ва ноболиғонро ҳамчун муштарӣ ба коргоҳи худ роҳ надиҳанд.