Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳури Эрон, дар як тамоси телефонӣ бо Башор Асад, раиси ҷумҳури Сурия, гуфтааст, Анҷуман ё Конгресси миллӣ, ки шомили нирӯҳои мухолиф аст, ба суботу амният дар ин кишвари дар ҳоли низоъ кумак хоҳад кард. Хабаргузории расмии ИРНА гуфт, ин суҳбати телефонӣ рӯзи 25-уми ноябр сурат гирифт.
Раиси ҷумҳури Эрон гуфтааст, баҳамоии намояндагони ҳукумат ва мухолифин қадаме ба сӯи субот дар Сурия хоҳад буд. Масъалаи Анҷумани миллии Сурия ҳафтаи гузашта дар суҳбати раҳбарони Русияву Эрон ва Туркия дар шаҳри Сочӣ матраҳ шуда буд.
Он вақт президенти Эрон Ҳасани Руҳонӣ гуфт, ин конгресс ба таҳияи Конститутсияи нави Сурия мусоидат хоҳад кард. Интизор меравад, дар асоси он дар ин кишвар интихобот баргузор шавад.
Дар ҳамин ҳол, вазири дифои Русия Сергей Шойгу гуфтааст, Сурия тақрибан аз панҷаи ҷангҷӯён раҳо шуд. Ӯ ду рӯзи пеш гуфт, “амалан 98 дарсади қаламрави Сурия аз террористон озод шуд. Вақти он расидааст, ки дар бораи қадамҳои баъдӣ барои ҳалли буҳрони Сурия суҳбат шавад. Албатта, инҷо масъалаҳои зиёд, аз ҷумла барномаи бозсозӣ ва ироаи кумакҳо дар миён аст.”
Даргирӣ дар Сурия аз соли 2011 ба ин тараф идома дорад. Дидбони ҳуқуқи башари Сурия, қароргоҳаш дар Лондон, рӯзи 25-уми ноябр гуфт, ки дар ин муддат беш аз 340 ҳазор нафар, аз ҷумла даҳҳо ҳазор ғайринизомӣ кушта шудаанд.