Беш аз 100 мошини борбар, ки барои кашондани ангишт аз кони Фон-Яғноби ноҳияи Айнӣ рафта буданд, дар пайи барфбории шадид дар онҷо дармондаанд. Бархе аз ронандагон гуфтанд, ки аз як тараф барфи зиёд ва аз сӯи дигар ба кундӣ пеш рафтани кори кон онҳоро дар нимароҳ гузоштааст.
Фарҳод Раҷабов, яке аз ин ронандаҳо, рӯзи 26-уми ноябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар ин шабу рӯз дар шароити сахте қарор доранд ва маълум нест, роҳашон кай боз хоҳад шуд. Дар аксу видеое, ки ронадагон ба мо фиристоданд, дида мешавад, дар маҳалли истифодаи даҳҳо мошини борбар ҷамъ шудааст. Худи ронандагон дар берун ангиштро оташ гиронда, гарм мешаванд.
Онҳо мегӯянд, қарор буд, ангиштро ҳарчи зудтар ба баъзе корхонаву мактабҳо дар гӯшаҳои кишвар бирасонанд. Аммо ба ҷойи инки хонаву корхона ва синфхонаҳоро гарм кунанд, худашон муҳтоҷи гармӣ шудаанд.
Ин видеоро ронандагон ба Радиои Озодӣ фиристоданд:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Кони Фон-Яғноб калонтарин кони ангишт дар Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Ин кон таъминкунандаи асосии Маркази барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе, корхонаи "Талко", корхонаи бузурги семент аз қабили "Тоҷиксемент" ва "Хуаксин Ғаюр семент" аст.
Истифодаи густардаи ангишт дар саноат дар Тоҷикистон пас аз соли 2012 шуруъ шуд. Дар он сол Тошканд гуфт, гази табииашро ба Чин ва Русия мефурӯшад ва имкони интиқоли онро ба Тоҷикистон надорад. Дар натиҷа, чанде аз корхонаҳои Тоҷикистон, аз ҷумла корхонаи нуриҳои азотӣ дар Сарбанд ва корхонаи сементбарорӣ дар Душанбе аз кор монданд. Тоҷикистон маҷбур шуд корхонаи алюминиюм ва сементи Душанберо ба ангишт гузаронад.
Ҳаҷми истихроҷи ангишт дар Тоҷикистон сол ба сол меафзояд. Истихроҷи ин сӯзишворӣ дар соли 2015 марзи 1 миллион тоннаро убур кард ва дар соли 2016 дар Тоҷикистон ба 1 миллиону 300 ҳазор тонна расид. Айни замон дар Тоҷикистон 200 корхона аз ангишт истифода мебаранд, ки бисёрашон коргоҳҳои оҳангудозӣ, хиштпазӣ ва семенбарорӣ ҳастанд. Ду сол қабл Маркази бузурги барқу гармидиҳӣ низ дар Душанбе ба кор даромад, ки дар як мавсим наздик ба 500 ҳазор тонн ангиштро истифода мекунад.
Ҳамчунин сокинони русто барои гарм кардани манзилҳояшон аз ангишт истифода мекунанд.