Шерзод Анваров – боздошти фармондеҳи ДИИШ дар Шибирғон

Нирӯҳои амниятии Афғонистон Шерзод Анваров, як фармондеҳи саҳроии гурӯҳи “Давлати исломӣ”-ро дар Шибирғони вилояти Ҷузҷон боздошт кардаанд, ки қасди вуруд ба яке аз кишварҳои Осиёи Марказиро доштааст. Мақомоти Афғонистон гуфтанд, ки Шерзод Анваров зодаи шаҳри Бухорои Узбакистон буда, таҳти раҳбарии ӯ тақрибан чиҳил узви ДИИШ амал мекард.

Муҳаммадризо Ғаффорӣ, намояндаи ҳукумати вилояти Ҷузҷон, рӯзи 25-уми ноябр ба бахши дарии Радиои Озодӣ гуфт, дар бозпурсии аввалия ӯ эътироф кардааст, ки қасди вуруд ба яке аз кишварҳои минтақаро дошт. Ғаффорӣ гуфт, “Шерзод Анваров яке аз раҳбарони ДИИШ дар вилояти Ҷузҷон буд. Вай аз тарафи нирӯҳои давлатӣ дар маркази Шибирғон боздошт шуд. Аммо қасд дошт, ба кадоме аз кишварҳои Осиёи Марказӣ биравад, дақиқ карда нашудааст”, - афзуд мусоҳиби мо.

Ба қавли ин намояндаи ҳукумати Ҷузҷон, дар ин вилоят чанде аз раҳбарони саҳроии ДИИШ фаъоланд, ки асосан зодагони Афғонистону Узбакистон ҳастанд. “Фаъолияти гурӯҳи “Давлати исломӣ”-ро дар вилояти Ҷузҷон фармондеҳони саҳроӣ Қорӣ Ҳикмат, Муфтӣ Неъмат ва Шерзод Анваров пеш мебурданд”, - афзуд ӯ.

Олими Кӯҳкан, хабарнигори Радиои Озодӣ дар Афғонистон мегӯяд, ки дар ҳоли ҳозир дар вилояти Ҷузҷон дар як вақт Толибон ва ҷангҷӯёни гурӯҳи “Давлати исломӣ” фаъол шудаанд.