Дидбони ҳуқуқи башар: Дар Сурия беш аз 340 000 кушта шудаанд

Дидбони ҳуқуқи башари Сурия эълон кард, ки аз замони оғози нооромиҳо дар ин кишвар то кунун беш аз 340 ҳазор нафар кушта шудаанд. Ин созмон, ки қароргоҳаш дар Лондон аст, рӯзи 24-уми ноябр гуфт, бар асоси омори онҳо беш аз сад ҳазори кушташудаҳо афроди ғайринизомӣ, аз ҷумла занону кӯдакон ҳастанд.

Ин гузориш меафзояд, 119 ҳазор нафар аз ин кушташудаҳо аз нирӯҳои давлатии Сурия буданд. Дидбони ҳуқуқи башари Сурия гуфт, дар ин муддат ҳамчунин 59 ҳазор узви гурӯҳҳои мухолифи ҳукумати Башор Асад, аз ҷумла нирӯҳои курд кушта шудаанд.

Ин гузориш омори талафоти гурӯҳҳои ифротиро дар Сурия 62 ҳазор нафар эълон кардааст.

Ҷангу даргириҳо дар Сурия аз соли 2011 ба ин тараф идома дорад.