Роза Отунбоева, раиси ҷумҳури собиқи Қирғизистон, рӯзи 24-уми ноябр дар маросими савгандёкунии президенти нави ин кишвар Сооронбой Ҷээнбеков иштирок надошт. Намояндагони дастгоҳи иҷроияи президенти Қирғизистон рӯзи 25-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки номи ӯро ба рӯйхати меҳмонҳо ворид накардаанд. Аммо дар мавриди онки чаро номи Отунбоева ба феҳристи меҳмонҳо дар ин маросим шомил нашудааст, шарҳе надоданд.
Аммо тайи як соли ахир зоҳиран муносибати Роза Отунбоева бо раҳбарияти Қирғизистон ба сардӣ печида буд.
Отунбоева зимоми раҳбарии Қирғизистонро дар пасманзари хушунатҳои соли 2010 дар ҷануби кишвар ба даст гирифта, моҳи декабри соли 2011 ба ихтиёри Алмосбек Отамбоев супурд. Аммо ӯ моҳи сентябри имсол гуфт, ки Отамбоев дар ду соли ахир бо амалҳояш “тамоми дастоварди кишварро ба нестӣ бурдааст”.
Отунбоева гуфт, “дар панҷ соли аввали баъд аз суқути ҳукумати Қурмонбек Боқиев, дар соли 2010 мо дар ҷодаи демократия қадам бардоштем, аммо дар ду соли гузашта ин одам талош кард худро як шахси таърихӣ ҷилва диҳад ва дастовардеро, ки пеш аз ӯ буд, рад мекунад.”
Маросими савгандёдкунии Сооронбой Ҷээнбеков ё интиқоли осоиштаи қудрат дар Қирғизистон рӯзи 24-уми ноябр дар қароргоҳи расмии “Ала-Арча” дар шаҳри Бишкек баргузор шуд. Ба ин маросим 450 меҳмон даъват шуда буд.
Сооронбой Ҷээнбеков, нахуствазири пешини Қирғизистон, дар маъракаи пешазинтихоботӣ аз ҳимояти президент Алмосбек Отамбоев бархӯрдор буд.