Нокомии духтарони муштзани тоҷик дар қаҳрамонии бокси ҷаҳон

Акс аз бойгонӣ

Варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии бокси ҷаҳон миёни духтарони 17-18-сола, ки дар шаҳри Гуваҳатии Ҳиндустон ҷараён дорад, дар даврҳои муқаддамотӣ шикаст хӯрда, аз ҳаққи идомаи мубориза барои медалҳо маҳрум шуданд. Дар ин мусобиқоти ҷаҳонӣ, ки то 26-уми ноябр идома хоҳад кард, 160 варзишгар аз 31 кишвар ширкат дорад.

Тоҷикистонро дар ин мусобиқоти қаҳрамонии бокси ҷаҳон миёни духтарон дар Ҳиндустон чаҳор нафар намояндагӣ карданд, вале ҳамаашон дар даврҳои муқаддамотӣ ба нокомӣ дучор шуданд.

Мадина Ғаффорова дар вазни зери 51 кило, ки дар даври аввал бар Янг Ванг аз Чин аз рӯи имтиёзҳо бо ҳисоби 4:1 ғолиб омад, дар даври баъдӣ аз Тсзу Ҳсуан Чен аз Тайпейи Чин бо ҳисоби 2:3 ноком шуд.

Се нафари дигар - Сумайя Қосимова дар вазни 48 кило аз Калтин Фрийерс (Ирландия), Мадина Абдухолиқзода дар вазни зери 57 кило аз Саллинг Ҳу (Чин) ва Идимоҳ Холова дар вазни зери 60 кило аз Вероника Велас (Маҷористон) - мағлуб гаштанд.

Имрӯз, 22-юми ноябр, қувваозмоиҳои даври чорякниҳоии қаҳрамонии ҷаҳон баргузор мешаванд. Рӯзи 23-юми ноябр барои ширкаткунандагони мусобиқот рӯзи истироҳат аст. Қувваозмоиҳои даври ниманиҳоӣ рӯзҳои 24-25-уми ноябр барпо мегарданд. Ғолибони мусобиқот дар қувваозмоиҳои даври ниҳоӣ рӯзи 26-уми ноябр маълум хоҳанд шуд.

Бояд тазаккур дод, варзишгарон дар мусобиқоти қаҳрамонии бокси ҷаҳон ба ҷуз медалҳо, инчунин барои чаҳор роҳхат дар вазнҳои олимпӣ - 51 кг, 57 кг, 60 кг ва 75 кг – ба Бозиҳои олимпии наврасон, ки соли оянда дар шаҳри Буэнос-Айреси Аргентина доир мешавад, мубориза мебаранд.