Додгоҳе дар вилояти Ҷалолободи Қирғизистон рӯзи 21 ноябр ҳукми имомеро содир кард, ки як писарбачаи 10-соларо таҷовуз карда буд.
Ба иттилои маркази матбуотии додгоҳ, имом дар асоси моддаи "Ҳаракатҳои маҷбурии шаҳвонӣ нисбати ноболиғ" айбдор ва 20 сол зиндонӣ шуд. Додгоҳ ба ҷуз ин, ӯро дар нигаҳдории маводи мухаддир ва фаъолиятҳои марбут ба тундгароӣ айбдор дониста, 3 сол ҳукм дод. Дар маҷмуъ, имом 21 сол зиндонӣ шуд.
Сокини деҳаи Ат-Чабари ноҳияи Сузаки вилояти Ҷалолобод 18 июни соли 2016 ба милиса хабар дод, ки писари 10-солаи вай борҳо аз сӯи имоми маҳаллӣ таҷовуз шудааст. Модари кӯдак мегӯяд, мард писари ӯро қариб як сол таҷовуз кардааст, аммо волидон дар ин бора тасодуфан огоҳӣ пайдо кардаанд.