Зафари Сӯфӣ: Кори хабаргузории “Озодагон” таътил мешавад

Зафари Сӯфӣ, муассиси хабаргузории “Озодагон”, гуфт, ки фаъолияти ин бунгоҳи хабарӣ дар Тоҷикистон “таътил мешавад”. Ӯ рӯзи 21-уми ноябр дар як посухи катбӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, умедвор аст, “бо фароҳам омадани фазо ва фурсати муносиб хабаргузории “Озодагон” дубора фаъол шавад.”

Зафари Сӯфӣ вуҷуди мушкили молӣ дар кори оҷонсиро рад кард ва гуфт, далели таътил шудани кори хабаргузориро дар “фурсати муносиби дигар” шарҳ медиҳад.

Зафари Сӯфӣ

Ба иттилои Зафари Сӯфӣ, тасмими ахир ба фаъолияти ҳафтаномаи “Озодагон” – нашрияи ҳамном дар Душанбе таъсир нахоҳад кард ва кори он идома пайдо мекунад. Вай гуфт, фаъолияти бахши русии хабаргузорӣ, ки аз шаҳри Бишкек таҳия мешавад, низ идома хоҳад ёфт.

Хабаргузории “Озодагон” соли 2011 таъсис шуда, ҳамарӯза дар бораи ҳаводиси охири Тоҷикистону кишварҳои минтақа хабару гузориш нашр мекард. Шурӯъ аз 4-уми ноябри имсол дар вебсайти оҷонсӣ дигар хабаре нашр нашуд.

Бархе доираҳои журналистӣ дар Тоҷикистон мушкили молиро як далели эҳтимолии мутаваққифшавии кори ин оҷонс мегуфтанд.