Садамаи нақлиётӣ 20 нафарро дар ҷануби Покистон қурбон кард

Акс аз бойгонӣ

Мақомот мегӯянд, ки дар пайи ба ҳам бархурдани як мусофирбар ва бошини боркаши ҳомили ангишт дар ҷануби Покистон, дастикам 20 нафар кушта ва шаш тан захмӣ шуд.

Афсари пулиси маҳаллӣ Раҳматуллоҳ Солангӣ рӯзи 20 ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки садама бинобар тумани сангин дар роҳи минтақаи Хайрпури Вилояти Синд рух дод.

Афсари дигари пулис, Раҷаб Навоз гуфт, ки эҳтимол теъдоди қурбониён афзоиш ёбад, зеро вазъи баъзе захмиҳо бӯҳронӣ арзёбӣ мешавад.

Дар мусофбирбар занону кӯдакон низ ҳузур доштанд.

Пулис мегӯяд, дар ҳоле, ки бинобар тумани бомдодӣ роҳ басахтӣ дида мешуд, яке аз мошинҳо бо суръати баланд ҳаракат мекард.

Бинобар роҳҳои хароб, мошинҳое, ки нигаҳдории заъиф доранд ва риоя нашудани чораҳои бехатарии роҳ, садамаҳо дар Покистон зуд-зуд рух медиҳанд. Солона то 5 ҳазор нафар дар ин кишвар дар садамаи нақлиёт ба ҳалокат мерасад.