112 корманди ширкати “Умед 88” ба хотири напардохтани ҳақмуздашон аз ҷониби ин ширкат ба Оҷонсии зидди фасод шикоят бурдаанд. Кормандони ширкат гуфтаанд, маоши семоҳаашон пардохт нашудааст ва масъулини “Умед 88” бо ваъдаи имрӯзу пагоҳ аз пардохти маошашон саркашӣ мекунанд. Қазияи ширкати “Умед 88”, яке аз се ширкати бузурги воридкунандаи маводи сӯхт ба Тоҷикистон давоми беш аз як моҳи ахир идома дорад ва ду роҳбари аршади он низ дар боздошт мебошанд. Як манбаи боэътимод дар Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, 112 корманди ширкати “Умед 88” ба хотири кӯмак дар дарёфти маош ба ин ниҳод ариза ворид шудааст.
Кормандони ширкати “Умед 88” мегӯянд, ҳар яки онҳо ба ҳисоби миёна 780 сомонӣ маош дарёфт мекунанд ва ҳақмузди ҳар яки онҳо барои се моҳ бештар аз 2300 сомониро ташкил медиҳад.
Кормандони ширкати нафтрасони “Умед 88” дар ҳоле аз напардохтани маошашон аз сӯи ширкат ба мақомот муроҷиат кардаанд, ки тибқи иттилои ахир фаъолияти “Умед 88” пурра қатъ шудааст.
Кормандони ширкати “Умед 88” мегӯянд, баъд аз боздошти раҳбарони ширкат – Раҷабалӣ Одинаев ва Идибек Иброҳимов – касе натавонист, ширкатро идора кунад. Чор масъули дигари ширкат бо шумули сармуҳосиб ва масъулони нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ аз ҳабс озод шуданд.
Қазияи ширкати “Умед 88” ва боздошти раҳбаронаш бештар аз як моҳ аст, ки идома дорад. Боздошти раҳбарони ширкати “Умед 88” яке аз се ширкати бузурги таъминкунандаи маводи сӯхт дар Тоҷикистон баъди он сурат гирифт, ки рӯзи 14-уми октябри имсол раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон Вазорати молияро танқид кард, ба “Умед 88” 170 миллион сомонӣ қарз дода, ин маблағҳоро баргардонда натавонист.
Баъди ин, Раҷабалӣ Одинаевро дастгир кардаанд ва ӯ ба тасарруфи пулу мол, ғайриқонунӣ гирифтани қарз ва сӯистифода аз ваколат муттаҳам дониста мешавад.
Ширкати “Умед 88”-ро дар соли 1996 соҳибкор Раҷабалӣ Одинаев таъсис дод. Ин ширкат маҳсулоти нафтӣ ва гази моеъро аз Қазоқистону Русия ва Туркманистон ворид мекард ва беш аз 70 нуқтаи фурӯши маҳсулоти нафтиву газии ширкати “Умед-88” дар саросари Тоҷикистон фаъол буд.