Мақомоти пулиси Русия мегӯянд, як шаҳрванди 43-солаи Тоҷикистон ба онҳо муроҷиат кардааст, ки афроди номаълум бародари ӯро дар шаҳри Санкт-Петербург рабудаанд.
Ба гузориши бахши русии Радиои Озодӣ, зодаи Тоҷикистон рӯзи 17-уми ноябр ба мақомоти пулис муроҷиат карда ва гуфтааст, ки одамрабоён худро маъмурони пулис муаррифӣ карда ва санадашонро нишон додаанд ва сипас бародари 41-солаи ӯро ба мошин савор карда ба самти номаълуме бурдаанд.
Теъдоди онҳо 13 нафар будааст ва шаҳрванди Тоҷикистон рақами мошинро дар ёд гирифтааст. Ба навиштаи вебсайти “Фонтанка”, маъмурони милиса баъди таҳқиқ гуфтаанд, ки чунин мошине ба онҳо тааллуқ надорад. Ҷустуҷӯи шаҳрванди Тоҷикистон идома доштааст.