Ширкати “Узбекистон ҳаво йулларӣ” нархи билети ҳавопаймои Душанбе – Тошкандро то 200 сомонӣ поин овард. Тайи як моҳи ахир бори севум аст, ки ин ширкат арзиши парвоз дар масири пойтахтҳои Тоҷикистону Узбакистонро арзон мекунад.
Дафтари матбуоти ширкати “Узбекистон ҳаво йуллари” эълон кард, нархи нав аз рӯзи 17-уми ноябр мавриди иҷрост. Ҳамакнун баъд аз коҳишёбӣ, нархи билети ҳавопаймо аз Душанбе то Тошканд 65 евро (676,5 сомонӣ) ва барои рафту баргашт 130 евро (1353)-ро ташкил медиҳад. Дар оғоз нархи парвоз дар ин самт аз як тараф 1234 сомонӣ буд.
Қаблан масъулини намояндагии ширкати “Узбекистон ҳаво йулларӣ” дар Тоҷикистон гуфтанд, коҳиши нархи билет ба хотири ҷалби бештари муштариён сурат гирифтааст. Ин ширкат талош дорад шаҳрвандони Тоҷикистон аз фурудгоҳи Тошканд ҳамчун транзит истифода баранд. Аз оғози парвоз миёни пойтахтҳои Тоҷикистону Узбакистон, сокинону мақомот аз гарон будани нархи чипта нигаронӣ мекарданд.
Дар ҳоли ҳозир дар як ҳафта як бор ҳавопаймоҳои “Ӯзбекистон ҳаво йулларӣ” аз Тошканд ба Душанбе ва бараъкс парвоз анҷом медиҳанд. Ин тасмим дар моҳи апрели имсол ва баъд аз 25 соли “танаффуси иртиботи ҳавоӣ” миёни Тошканду Душанбе гирифта шуд.
Парвози нахустин ва санҷиширо дар ин масир моҳи феврал ҳавопаймои ширкати “Сомон Эйр”-и Тоҷикистон анҷом дод ва эълон кард, ки парвози мунтазамро аз охири ҳамон моҳ шурӯъ мекунад. Ҳарчанд ин ширкат фурӯши билетро ба роҳ монд, натавонист, ки ба парвозаш идома диҳад. Ахиран мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ки ҳоло парвози ҳавопаймоҳои як ширкат миёни Душанбеву Тошканд кофист ва дар сурати зарурат парвозҳои иловагиро ба роҳ хоҳанд монд.