Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе, дастур додааст, ки рӯзи 19-уми ноябр дар Наврӯзгоҳи пойтахт сабқати аспдавонӣ баргузор шавад. Мақомоти шаҳрдорӣ гуфтанд, барои даъват ва ҷалби аспсаворони беҳтарин ва корхонаҳои асппарварии ҷумҳурӣ чораҳои заруриро андешидаанд.
Бо дастури шаҳрдорӣ, барои сабқати аспдавонӣ тақрибан 50 ҳазор сомонӣ аз буҷети Душанбе ҷудо шудааст. Аз аввали моҳи ноябр ин дувумин сабқати аспдавонист, ки дар Душанбе баргузор мешавад.
Аз он пештар, рӯзи 16-уми сентябри соли равон дар пойгаи аспдавонӣ, ки дар “Наврӯзгоҳ”-и Душанбе баргузор шуд, миёни аспҳои савории зоти англисии аз чаҳорсола боло аспе бо лақаби “Рахш” аз Душанбе, соҳибаш Анӯшервони Рустам, саворааш Фирдавс Саломов, бо натиҷаи 2 дақиқаю 4 сония пирӯз шуд. Ба ғолиб мошини тамғаи “Мерседес” ва ҷоизаи молӣ ба маблағи 3 ҳазор сомонӣ тақдим гардид. Манобеи огоҳ гуфтанд, ки Анӯшервони Рустам, писари Рустами Эмомалист.
Пойгаи аспдавонӣ дар Тоҷикистон ҳанӯз аз замони шӯравӣ, аз соли аввали таъсиси ипподроми Душанбе баргузор мешавад. Дар замони Истиқлолияти Тоҷикистон мусобиқаи асптозӣ, бахусус баъди азнавсозии ипподром, ки номи “Наврӯзгоҳ”-ро гирифтааст, зуд-зуд доир мегардад. Ҳар сол дар рӯзҳои таҷлили идҳои суннатии мардуми тоҷик – Наврӯз, Меҳргон ва инчунин ҷашни Истиқлол баргузор кардани пойгаи аспдавонӣ ба ҳукми анъана даромадааст.
Баъзе аз раҳбарону сарватмандон ва чеҳраҳои шинохтаи тоҷик, аз қабили Рустами Эмомалӣ, Шоҳрух Саидзода, Муродалӣ Алимардон, Шермуҳаммади Шоҳиён, Қосим Қосимов, Беҳзод Файзуллоев, Дост Ҳакимов, Хол Машрабов ва дигарон ба аспу аспдорӣ завқи беандоза доранд. Онҳо мегӯянд, ки аз ин шуғл ё ҳоббӣ хеле ҳаловат мебаранд.
Нархи аспҳое, ки дар пойгаҳо ғолиб мешаванд, ба гуфтаи ҳолдонҳо ба садҳо ҳазор доллар мерасад.