Як назарсанҷӣ дар Русия нишон додааст, ки нисфи мардуми ин кишвар ба Худо эътиқод доранд. Дар миёни масеҳиёни православ дар Русия 58 дар сад гуфтаанд, ки ба Худо бовар доранд.
Айни замон назарсанҷии “Левада Сентр” нишон додааст, танҳо эътиқоди сеяки онҳо қавӣ будааст. Дар миёни мардуми Русия ҳар ҳаштуми онҳо ба Худо бовар надоштаанд ва ё шак доштаанд, ки Худо вуҷуд дорад.
Назарсанҷии “Левада Сентр” моҳи октябр анҷом шудааст ва нишон додааст, ки 40 дар сади мардуми Русия ба вуҷуди дӯзаху шайтон бовар доранд.
Ба гуфтаи ҷомеашиносон 75 дар сади мардуми Русия худро масеҳии православ мешуморанд. Теъдоди пайравони ин мазҳаб дар ҷаҳон 260 миллион нафарро ташкил медиҳад ва тақрибан 100 миллион нафари онҳо дар Русия зиндагӣ мекунанд.