Рӯзи гузашта расонаҳои маҳаллӣ бо такя ба Вазорати кишоварзии Қазоқистон хабар доданд, ки "баъди ошкоршавии қонунвайронкунӣ воридоти 5 навъи маҳсулоти ширии корхонаҳои Қирғизистон ба Қазоқистон мамнуъ шуд".
Вазорати кишоварзии Қазоқистон кишвари ҳамсояи Қирғизистонро ба нақзи талаботи байтории Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё - боздошти 60 сар чорво дар марзи Қирғизистон бо Қазоқистон муттаҳам кард. "Рӯзи 22 октябри соли ҷорӣ чорвоҳоро бе санади байторӣ мехостанд аз Тоҷикистон ба Белорус баранд", мегӯяд Вазорати кишварзӣ..
Ба гуфтаи Қазоқистон, "сар аз 10 октябр 29 ҳолати вайрон кардани талаботи байторӣ ошкор шуд", ки аз ин 17 ҳолаташ ба воридоти маҳсулоти ғайриқонунӣ ба Қазоқистон рабт дорад.
Дар охири ҳафтаи гузашта хабар расид, ки Қазоқистон воридоти чанд навъ маҳсулоти қаннодии Қирғизистонро маҳдуд кардааст.
Равобити ду кишвар дар ҳоле сард шуд, ки президенти Қирғизистон Алмосбек Отамбоев мақомоти давлати ҳамсояро ба дахолат дар умури интихоботи моҳи октябр муттаҳам кард. Ба думболи ин Қазоқистон равуо дар марзи ду кишварро шадид кард.