Саъд Ҳарирӣ, ки ҳафтаи гузашта аз мақоми нахуствазири Лубнон истеъфо дод, мегӯяд, ба далели фаъолияти созмони Ҳизбуллоҳ, мумкин аст, Лубнон зери таҳримоти кишварҳои арабӣ қарор бигирад. Саъд Ҳарирӣ дар ин бора рӯзи 12-уми ноябр зимни мусоҳибаи телевизионӣ дар Арабистони Саудӣ сухан гуфт.
Як ҳафта пештар аз ин ӯ эълон кард, ки аз тарси сӯиқасд ба ҷонаш мақоми нахуствазири Лубнонро тарк мекунад. Ӯ гуфт, ин корро барои “такони мусбат” дар кишвараш анҷом додааст ва ҳушдор дод, ки дахолати Эрон дар умури Лубнон ҳамкориҳо бо кишварҳои арабиро хароб мекунад.
Саъд Ҳарирӣ дар ин мусоҳиба гуфтааст, “Мо медонем, ки Ҳизбуллоҳ зери таҳримоти Амрикост, магар бояд таҳримоти кишварҳои арабиро изофа кунем. Барои мо Лубнониҳо чӣ зарур аст, ки Эрон ва Ҳизбуллоҳ ба умумри Яману Баҳрайн дахолат кунанд.
Магар мо молҳоямонро аз кишварҳои арабӣ ворид намекунем. Фарзандони мо дар куҷо кор мекунанд”. Эътилофи кишварҳои арабӣ зери раҳбарии Арабистони Саудӣ, чанд моҳ пеш робитаҳои дипломатиашонро бо Қатар қатъ карданд, зеро ба гуфтаи онҳо Қатар бо Эрон ҳамкории бисёр наздик дорад.