Владимир Путин қарори Амрикоро танқид кард

RUSSIA -- A man tries on a VR goggles at the stand of Russia's state-controlled broadcaster RT during the 10th Russian Internet Week in Moscow, November 1, 2017

Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, талаби ҳукумати Амрико барои сабти номи шабакаи телевизионии РТ ба ҳайси “маъмури хориҷӣ” дар Иёлоти Муттаҳидаро танқид кард.

Ӯ гуфт, ин иқдомро “ҳамла” ба матбуоти Русия номид ва гуфт, дар сурати чунин талаб, Маскав айни корро бо матбуоти Амрико мекунад. Айни замон Владимир Путин гуфт, қасди вакилони мардумии Русияро барои эълон кардани расонаҳои Амрико ба ҳайси “маъмурони хориҷӣ” дар кишвар “шояд андаке сахт бошад.”

Раиси ҷумҳури Русия рӯзи 11-уми ноябр гуфт, Маскав ҳанӯз масъалаи посух ба иқдомоти Амрико нисбат ба матбуоти Русияро баррасӣ мекунад. Телевизиони РТ-и Русия рӯзи 9-уми ноябр гуфт, вазорати умури хориҷии Амрико аз он хостааст, то рӯзи 13-уми ноябр худро дар вазорати адлияи Амрико ба ҳайси “маъмури хориҷӣ” сабти ном кунад.

Вазорати адлияи Амрико то кунун талаби расмӣ аз телевизиони Русияро рад ва ё таъйид накардааст ва аз шаҳри мавзӯъ ба Радиои Озодӣ ҳам худдорӣ кард. Мақомоти Амрико шабакаи РТ-и Русияро ба дурӯғпароканӣ дар замони интихоботи моҳи ноябри соли 2016 муттаҳам кардаанд.