Аҳволпурсии Трамп ва Путин дар ҳошияи нишасти Ветнам

Доналд Трамп ва Владимир Путин

Раҳбарони Амрикову Русия дар ҳошияи нишасти Ҳамкориҳои иқтисодии Осиё дар Ветнам бо якдигар ҳолпурсӣ карданд. Ин нишаст 10-уми ноябр дар шаҳри Дананг оғоз шуд ва рӯзи якшанбе ба поён хоҳад расид.

Чанд соат қабл аз онки Доналд Трамп ва Владимир Путин бо ҳам даст дода, аҳволпурсӣ кунанд, Кохи Сафед гуфта буд, ки кадом мулоқоти расмӣ барномарезӣ нашудааст. Сара Сандерс, сухангӯи Кохи Сафед, пеш аз нишасти ҳавопаймои ҳомили раиси ҷумҳури Амрико дар шаҳри Дананги Ветнам ба хабарнигорон гуфт, раҳбарони ИМА ва Русия мумкин аст як мулоқоти камтар расмӣ дар Ветнам ва баъдан дар Филиппин дошта бошанд.

Қарор аст, Трамп ва Путин дар Филиппин дар як нишасти дигари минтақаӣ иштирок кунанд.

Доналд Трамп дар моҳи январи имсол корро ба унвони раиси ҷумҳури Амрико оғоз кард. Трамп аз он замон ба баъд як бор бо Путин рӯбарӯ суҳбат кардааст. Онҳо моҳи июли имсол дар ҳошияи иҷлоси сарони кишварҳои Ҷӣ-20 дар Олмон дидор карда, буданд.

Раиси ҷумҳури Амрико рӯзи якшанбеи гузашта гуфта буд, ки интизор дорад, дар ҷараёни сафари осиёии худ бо Владимир Путин мулоқот кунад. Дмитрий Песков, сухангӯи Кремлин, се рӯзи қабл гуфта буд, ки эҳтимоли зиёд вуҷуд дорад, ки ин ду раиси ҷумҳур бо ҳам мулоқот кунанд. Песков рӯзи 10-уми ноябр гуфт, талошҳо дар ростои танзими як мулоқот дар ҳошиияи иҷлоси Ҳамкориҳои иқтисодии Осиё идома дорад.

Равобити Амрикову Русия бар сари бархе масоил, аз ҷумла иқдоми низомии Маскав дар Украина ва иддаои дахолати Русия дар интихоботи соли гузаштаи президентии Амрико шадидан муташанниҷ шуд. Раиси ҷумҳури Русия ҳамагуна мудохилаи кишвараш дар интихоботи Амрикоро рад кардааст.