Созмони байналмилалии мудофеи ҳуқуқи инсон Human Rights Watch аз мақомоти баландпояи аврупоӣ даъват кард, ки аз ҳамкоронашон дар Осиёи Марказӣ мурооти ӯҳдадориҳои ҳуқуқиро тақозо кунанд. Ин созмон дар остонаи мулоқоти вазирони хориҷаи кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳодияи Аврупо дар шаҳри Самарқанди Узбакистон, ки қарор аст ҳафтаи ҷорӣ баргузор шавад, изҳороте пахш кардааст.
“Иттиҳодияи Аврупо бояд ба ҳуқуқи башар арҷ гузорад ва ин мавзуъ дар барномаи ҳамкориҳои Аврупо бо Осиёи Марказӣ бояд мавзӯи калидӣ бошад”-, гуфтааст Филипп Дам, раҳбари барномаҳои Осиёи Марказӣ дар Human Rights Watch.
Ҳафтаи ҷорӣ дар шаҳри Самарқанд мулоқоти вазирони хориҷаи кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳодияи Аврупо баргузор мешавад, ки дар он Федерика Моғеринӣ, раиси сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо ва Невен Мимика, раиси Оҷонсии ҳамкорӣ ва рушд бо вазирони хориҷаи Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Узбакистон дидору гуфтугӯ хоҳанд дошт.
Дар изҳороти ин созмон гуфта мешавад, ки ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ дар масоили ҳуқуқи башар "нишондодҳои поин доранд" ва ҳукуматҳои ОМ дар амри пахши садои мунаққидон даст ба боздоштҳои сиёсӣ мезананд.
Дар робита бо Тоҷикистон гузориш мегӯяд, ки вазъи ҳуқуқи башар дар ин кишвар баъди соли 2015 якбора бад шуд ва 150 фаъоли сиёсӣ пушти панҷара рафт. Human Rights Watch мегӯяд, дар миёни онҳо ҳуқуқшиносон, фаъолон ва аъзои ҳизбҳои сиёсӣ мебошанд. Мақомоти тоҷик дар робита бо САҲА – Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо аз мавзеи тунде кор гирифтанд, ки вазъи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистонро мавриди баррасӣ қарор додааст.
Филипп Дам мегӯяд, музокироти вазирони хориҷаи Иттиҳодияи Аврупо ва Осиёи Марказӣ барои Брюссел имтиҳонест, ки тавонад дар робита ба мурооти ҳуқуқи башар ба кишварҳои ҳамкораш фишор оварад. Ӯ мегӯяд, “Иттиҳодияи Аврупо бояд аз мақомоти минтақа роҳандозии ислоҳоти бомазмунро тақозо кунад ва иҷрои тааҳуди кишварҳо бояд аз озод кардани онҳое шурӯъ шавад, ки бо ангезаҳои сиёсӣ боздошт шудаанд”.