Қирғизистон бори нахуст Рӯзҳои таърих ва ниёконро ҷашн мегирад

Қирғизистон бори нахуст 7-8 ноябр Рӯзҳои таърих ва ниёконро ҷашн мегирад. То кунун дар ин кишвар 7 ноябр Рӯзи инқилоби Октябр таҷлил мешуд. Президент Алмосбек Отамбоев 26 октябр бо имзои як фармон 7-8 ноябрро дар Қирғизистон Рӯзҳои таърих ва ниёкон эълом кард.

"Бо мақсади баҳои дурусту таърихӣ додан ба шӯриши милливу озодихоҳӣ ва ҳодисаҳои фоҷеабори соли 1916, инқилобҳои Октябру Феврали соли 1917, дарсу мероси рушди даврони шӯравӣ, оқибати таъқибҳои сиёсии асри XX ва гиромидошти ёди гузаштагон фармон дода мешавад, ки 7 ва 8 ноябр Рӯзҳои таърих ва ниёкон эълом карда шаванд", - омадааст дар фармони Отамбоев.

Ба порлумони Қирғизистон низ тавсия шуда буд, ки ба Кодекси меҳнат тағйиру иловаҳо ворид карда, санаҳои мазкурро ғайрикорӣ эълом кунад.

"Танҳо бо огаҳӣ аз гузашта ва назардошти дарсҳои он метавон самти рушди ояндаи Қирғизистонро дуруст муайян кард. Бояд барои насли баъдӣ асоси устувор гузошт ва ба назар гирифт, ки кишвари мо бояд дар ҷаҳони муосир мақоми шоистаеро ишғол кунад. Ҳар касе гузаштаро фаромӯш мекунад, роҳ ба сӯи ояндаро нахоҳад ёфт", - омадааст дар иттилоияи дастгоҳи президенти Қирғизистон.

Ин ташаббуси раҳбарияти Қирғизистонро дар Русия бархеҳо интиқод карданд. Муовини раиси Думаи давлатии Русия Игор Лебедев онро "гоми душманона" номид.