Марде барои табобати ройгон худро "корманд"-и Оҷонсии зидди фасод эълон кард

Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон як сокини шаҳри Хуҷандро, ки худро корманди ин оҷонсӣ муаррифӣ карда, аз як ташхисгоҳ талаб кардааст, ки ӯро ройгон ташхис кунанд, вагарна дар корашон мушкил эҷод мекунад, боздошт кардааст.

Бинобар иттилои хадамоти матбуоти Оҷонсии зидди фасод, рӯзи 19-уми октябр намояндаи ташхисгоҳи "Диамед" дар шаҳри Хуҷанд ба оҷонсӣ арз кардааст, ки Раҳим Шарипов ном шахс худро муовини раиси Оҷонсии мубориза бо фасод муаррифӣ карда, талаб намудааст, ки ӯро ройгон аз ташхиси тиббӣ гузаронанд. Вагарна ӯ метавонад бо истифода аз мансабаш, ба кори онҳо “таъсири манфӣ расонад”.

Пас аз арзи ташхисгоҳи "Диамед", Раҳим Шарипов ба идораи Оҷонсии зидди фасод оварда мешавад. Аммо Раҳимов дар идома барои раҳо шудан аз ҷавобгарӣ ба корманди ин оҷонсӣ 1358 сомонӣ пора пешниҳод мекунад. Дар натиҷа Оҷонсии мубориза бо фасод дар нисбати Раҳим Шарипов якбора тибқи ду моддаи Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон 320- додани пора ва 247 – қаллобӣ парванда боз кардааст.

Дар Тоҷикистон кормандони ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла масъулони Оҷонсии мубориза бо фасод аз нуфуз ва қудрати зиёд бархӯрдоранд. Аз ин рӯ, ҳолатҳои корманди ин ниҳод муаррифӣ кардани шахсони алоҳида дар гузашта низ ба чашм расида буд, ки бо истифода аз он, одамон мехоҳанд "кори худро буд кунанд".

Ду соли қабл қиссаи як зиндонии муассисаи ислоҳӣ аз шаҳри Қӯрғонтеппа ба матбуот роҳ ёфта буд, ки як зиндонӣ тавассути телефон худро корманди Оҷонсии зидди фасод муаррифӣ карда, ба масъулони чанд идораҳои давлатӣ дастур дода буд, хостаҳояшро иҷро кунанд.