Барои амалисозии лоиҳаи CASA-1000 дар Қирғизистон аз зеристгоҳи "Датка" бояд то марзи Тоҷикистон наздики 450 км хатти барқ кашида шавад. Дар ин бора ширкати холдингии барқи Қирғизистон хабар медиҳад.
Бино бар лоиҳа, хатти интиқоли 500 кВ аз зеристгоҳи "Датка" дар Қирғизистон то зеристгоҳи "Хуҷанд"-и Тоҷикистон бояд оварда шавад. Ва ин хат тавассути Афғонистон то Покистон хоҳад расид.
Тавассути CASA-1000 аз Қирғизистону Тоҷикистон дар мавсими тобистон ба Афғонистону Покистон нерӯи барқ интиқол дода хоҳад шуд. Арзиши умумии лоиҳа 1 миллиард долларро ташкил медиҳад, ки 233 миллионаш саҳми Қирғизистон аст.
12 майи соли 2016 дар шаҳри Турсунзодаи Тоҷикистон маросими расмии амалисозии лоиҳаи CASA-1000 баргузор гардид.
Қирғизистон ният дорад соли 2018 ба сохтани хатти барқ пардозад ва дар 2 сол онро ба анҷом расонад.