Мақомоти расмии Норвегия мегӯянд, чархболи Русия, ки 26-уми октябр бо ҳашт нафар дар наздикии ҷазираҳои Свалбард суқут кард, аз зери баҳр берун оварда шуд. Мақомоти ин кишвар рӯзи 4-уми октябр гуфтанд, ки ҳеҷ яке аз сарнишинони чархболро наёфтаанд.
То кунун ҷасади яке аз фавтидагон рӯзи 31-уми октябр 130 метр дуртар аз макони суқут ёфт шуд. Айни замон 150 нафар маъмури пулиси Норвегия, ихтиёриёни Салиби Сурх ва ғаввосони Русия масоҳати 200 километрии атрофи макони суқути чархболро ҷустуҷӯ доранд.
Чархболи МИ-8 бо 5 нафар сарнишин ва се пажӯҳишгари рус дар наздикии шаҳри Барентсбург суқут кард. Дастгоҳи сабти овози чархболро аз умқи 209 метрии баҳр берун оварда, барои ташхис ба Маскав фиристодаанд.