Мақомоти интизомии Тоҷикистон мегӯянд, ду хоҳарро барои корд кашидан ба сари як ҷуфти калонсол дастгир кардаанд.
Вазорати умури дохилӣ рӯзи 4-уми ноябр дар вебсайташ хабар дод, ки хоҳарони 23 ва 26-сола аз ноҳияи Ёвон ва ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ шаби 2 ба 3-уми ноябр ба хонаи ҳамсояаашон дар ноҳияи Ёвон даромада ва “марди 66-сола ва ҳамсари 62-солаи ӯро” калтаккӯб карда ва чанд корд ҳам задаанд.
Ба гуфтаи вазорат, сабаби ҳамла хусумати оилавӣ будааст. Ҳарду хоҳар, ки номашонро ошкор накардаанд, дастгир шудаанд ва ба зидди онҳо парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд. Мақомот мегӯянд, ҷуфти осебдида осеб дидаанд ва муолиҷа мегиранд.