Тазоҳургарони қирғиз ба Қазоқистон се рӯз мӯҳлат доданд

Эътирози шаҳрвандони Қирғизистон дар назди сафорати Қазоқистон дар Бишкек

Рӯзи 3 ноябр ҳудуи 40 нафар дар назди сафорати Қазоқистон дар Бишкек даст ба эътироз заданд ва барои ҳалли мушкилоти марзӣ ба кишвари ҳамсояи Қазоқистон се рӯз мӯҳлат доданд.

Эътироз бо ибтикори Конгресси ҳуқуқи инсони кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор шуд.

Эътирозгарон бо шиорҳои "Марзи Қирғизистону Қазоқистон бояд боз бошад!" ба майдон баромаданд.

Ҷамъомадагон ҳушдор доданд, ки агар Қазоқистон то рӯзи 5 ноябр марзро боз накунад, онҳо аз президенти кишварашон хориҷ шудани Қирғизистон аз Иттиҳоди иқтисодии Авросиёро талаб хоҳанд кард. Қазоқистону Қирғизистон ҳарду узви ин Иттиҳод ҳастанд.

Қазоқистон сар аз 10 октябр, дуруст баъди он ки президенти Қирғизистон раиси ҷумҳури Қазоқистон Нурсултон Назарбоевро ба дахолат дар умури интихоботи кишвараш муттаҳам кард, санҷишро дар марзи ду кишвар шадидтар кард. Нахуствазирони ду кишвар рӯзи 18 октябр дар Остона ба созиш расиданд, ки убури марзро сар аз 19 октябр осон хоҳанд кард. Вале мушкили убури мошинҳои боркаш то ҳол боқӣ мондааст.