Fake News аз рӯи фарзияи луғати Коллинс ибораи сол шуд

Ҷустуҷӯи Fake News дар интернет

Fake News, ё хабари дуруғин аз рӯи фарзияи луғати Collins English Dictionary- яке аз луғатҳои пуртарафдор дар Русия, ибораи сол эълон шуд.

Ин ибораро бештар раиси ҷумҳури Ийолоти Муттаҳидаи Амрико Доналд Трамп дар баробари, ба иддаои ӯ хабарҳои дуруғин, ба кор мебарад. Ибораи Fake News дар твиттери раҳбари Кохи сафед ба таври густарда истифода шудааст. Трамп борҳо матбуоти мустақилро ба дуруғгӯӣ ва бархурди муғризона дар баробари Кохи сафед, муттаҳам кард.

Дар як соли ахир ифодаи Fake News ба таври бесобиқа маъруф шуд ва истифода он беш аз се баробар афзӯд.

Худи луғати Коллинс ибоаи "Fake News"-ро хабари дуруғ, ё ҳангомабарангез унвон кардааст, ки дар шакли маълумоти воқеӣ пахш мешавад.

Соли 2016, аз ҳама калмаи серистифода Brexit буд, ки маънои хориҷ шудани Британия аз Иттиҳоди Аврупоро дошт.