Вохӯрии мақомоти баландпояи Тоҷикистону Туркманистон дар Қасри Миллат бо имзои 13 санад ба анҷом расид Муҳимтарин санади имзошуда шартнома оид ба ҳамкориҳои стратегӣ миёни ду кишвар мебошад. Бар асоси ин санад, ки зераш Қурбонгулӣ Бердимуҳаммедов ва Эмомалӣ Раҳмон ва имзо гузоштанд, Тоҷикистон ва Туркманистон ҳамакнун барои ҳамдигар шарики стратегӣ ба ҳисоб мераванд.
Санадҳои дигар ҳамкориҳо дар бахшҳои маориф, тиҷорату савдо, ҳолатҳои изтирорӣ ва ғайраро дарбар мегирад. Бар асоси як санади дигар, ки аз ҷониб шаҳрдори Душанбе ва Ишқобод имзо шуд, пойтахтҳои Тоҷикистон ва Туркманистон барои ҳамдигар бародаршаҳр эълон шуданд. Руасои ҷумҳури ду кишвар изҳори умедворӣ карданд ки сафари Қурбонгулӣ Бердимуҳаммедов барои тақвияти ҳамкориҳои ду кишвар такони ҷиддӣ мебахшад.