Владимр Норов, раҳбари Пажӯҳишгоҳи тадқиқоти стратегии назди президенти Узбакистон дар матлабе дар нашрияи “Слово Кыргызстана” гуфтааст, Тошканд ба сафари Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон омодагӣ мебинад.
Норов дар ин матлаб таҳти унвони “Пешрафте, ки ҳама мунтазир буданд” гуфтааст, раҳбари Узбакистон бо ҳамаи раисони ҷумҳуриҳои ҳамсоя дидору мулоқотҳои расмиву ғайрирасмӣ дошт. Ин мақоларо Норов дар саҳифаи “Фейсбук”-и Пажӯҳишгоҳи тадқиқоти стратегии назди президенти Узбакистон низ бознашр кардааст.
Норов гуфтааст, Мирзиёев дар як соли роҳбариаш ба Туркманистон, Қазоқистон, Қирғизистон сафар кард ва ҳоло барои сафар ба Тоҷикистон омода мешавад.
Дар ин матлаб, Норов, санаи дақиқи сафари Мирзиёев ба Тоҷикистонро нагуфтааст, аммо таъкид кардааст, ки бо сафар ба ин кишвари ҳамсоя “дипломатияи узбек сиёсати тақвияти муносибатҳои нек бо ҳамсоякишварҳоро” дар амал татбиқ мекунад.
Дар ҳоле хабари омодагии Шавкат Мирзиёев ба сафари Тоҷикистон пахш мешавад, ки Қоҳир Расулзода, сарвазири кишвар рӯзҳои наздик бояд ба Тошканд сафар кунад ва эҳтимол дорад, мавзуи сафари Мирзиёев дар ин дидор ҳамоҳанг шавад.
Узбакистон дар замони раҳбарии Ислом Каримов муносибати хубе ба кишварҳои ҳамсоя надошт. Моҳи сентябри соли гузашта дар пайи даргузашти Ислом Каримов, раиси ҷумҳури нахустини Узбакистон ва ба сари қудрат расидани Шавкат Мирзиёев муносибатҳои ду кишвар нармтар шуданд. Давоми як сол раҳбарони ду кишвар борҳо дар ҳошияи ҳамоишҳои минтақавӣ гуфтугӯи самимона доштанд.
Тобистони соли равон ҳайатҳои иқтисодӣ ва соҳибкорони ду кишвар дар Душанбе бо ҳам дидор ва роҳҳои тавсеаи ҳамкориҳои мутақобилан судмандро баррасӣ карданд. Танҳо дар ҷараёни намоишгоҳ-фурӯши молу маҳсулоти Узбакистон дар Душанбе дар моҳи апрели имсол, миёни ширкатҳо ва соҳибкорони ду тараф ба маблағи 50 миллион доллар қарордод имзо шуд.