Facebook, Google ва Twitter барои "фабрикаи ҷавоб" посух мегӯянд

Намояндагони Facebook, Google ва Twitter ҳангоми гузоришдиҳӣ ба Конгресс

Намояндагони Facebook, Google ва Twitter дар ҷараёни нахустин гузоришдиҳӣ ба Конгресс, дар заминаи нокомӣ дар баробари талошҳои "фабрикаи ҷавоб"-и Русия - пахши хабарҳои бардурӯғ ва таъсиргузорӣ ба интихоботи президентии соли 2016-и Амрико, узр пурсиданд.

Нахустин сӯҳбати намояндагони шабакаҳои иҷтимоӣ дар Кумитаи ҳуқуқии Сенат рӯзи 31 октябр баргузор шуд ва мулоқотҳо ду рӯз идома мекунанд. Сенаторҳо аз шабакаи Фейсбук танқид карданд, ки миқёси фаъолияти "фабрикаи ҷавоб", ё троллии Русия дар ин платформаро танҳо баъди 11 моҳ ошкор кард. Биноба гузориши Фейсбук, 126 амрикоӣ рекламаи сиёсии Русияро, ки "Оҷонсии таҳқиқоти интернетӣ"- и Кремл дар Фесбук нашр мекард, метавонистанд бубинанд.

Колин Стреч, Консули ҳуқуқии Фасебук эътроф кард, ки ин маводи таблиғотӣ таҳрикомез, таҳқиоромез ва барои ҷомеае, ки ба ҷомеае рабт мегирад дарднок буданд.

Фейсбук ба Конгресс ваъда дод, ки ҳазорҳо корманди навро барои ошкор кардани таблиғоти сиёсӣ ва манбаи молии онҳо ба кор ҷалб хоҳад кард.