Кремл: Путин дар сафараш ба Эрон нафт ва Сурияро баррасӣ мекунад

Ҳасан Рӯҳонӣ ва Владимир Путин

Президенти Русия Владимир Путин рӯзи 1 ноябр бо раиси ҷумҳури Эрон Ҳасани Руҳонӣ ва роҳбари олии ин кишвар Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ дар Теҳрон мулоқот мекунад. Дар ин дидору гуфтугӯи раҳбарони ду кишвар мавзӯи ҳамкориҳои бахши энержӣ дар миён хоҳад буд.

Дмитрий Песков, сухангӯи Кремл хабар дод, ки "мавзуъи Сурия дар меҳвари гуфтугӯҳо аст".

Русияву Эрон дар ҷанги шашсолаи шаҳрвандии Сурия аз президенти ин кишвар Башор Асад ҷонибдорӣ мекунанд. Аммо Туркияву ИМА ба гуруҳҳои гуногуни шӯришиён ёрӣ мерасонанд.

Песков хабар дод, ки дар сафари Путин ба Эрон гуфтугӯҳои сенҷониба бо президентҳои Эрону Озарбойҷон низ дар назар аст. Ин дувумин гуфтугӯҳои сеҷонибаи ин се кишвар аст. Бори аввал ин гуна мулоқотсоли гузашта дар Боку сурат гирифта буд.